Таҷлил рӯзи Конститутсия дар Вазорати маориф ва илм

05-11-2018
5-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ифтихори рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур Р. Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм, С. Давлатзода – муовини вазири маориф ва илм, Ш. Ғаюров – мудири кафедраи ҳуқуқи граждании ДМТ, З. Соҳибов – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.
Р. Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи конференсия қайд намуд, ки имрӯз Конститутсия дар ҳаёти кунунии миллати тоҷик нақши муҳим бозида, дар самти боло рафтани сатҳи маърифатнокӣ, озодӣ барои таҳсил ва дар сатҳи лозима ба роҳ мондани сифати таҳсилот дар мамлакат имкониятҳои фаровонро ба роҳ мондааст.
Дар рафти ҳамоиш Ш. Ғаюров – мудири кафедраи ҳуқуқи граждании ДМТ дар мавзӯи “Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир”, З. Соҳибов – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар танзими идоракунии давлатӣ”, Р. Сангов – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи вазорат, Р. Шарифзода – мудири кафедраи идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ, С. Қодиров – сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ва Ш. Саидзода – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи вазорат маърӯза намуданд.