Сада ва Навсада

26-01-2018
Роҷеъ ба ҷашни Сада устураҳои гуногун зиёданд ва онҳо аз замонҳои қадим, ҳатто, аз давраҳои Каюмарсу Исфандиёр, ки яке аввалин кадхудои ҷаҳон ва дигаре қаҳрамони достони ҳамосии Абулқосими Фирдавсӣ мебошанд, роиҷ будани ин иди суннатии ниёгони ориёии моро қайд кардаанд.
Бештари маъхазҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ  ҷашни Садаро ба Ҳушанги пешдодӣ ихтисос додаанд. Дар қиссаҳои адабӣ-таърихии Пешдодиён, ки бештар тарзи баёни ривоятӣ доранд, аз забони Фирдавсӣ нақл  шуда, ки рӯзе ин шаҳриёр бо сад нафар мулозимонаш барои саёҳат ба доманаи кӯҳи Истахр рафт. Баногоҳ Ҳушанг мори азимҷуссаеро бо чашмони хуношому оташиндаҳон дид, ки ба самти онҳо мехазид. Сангеро ба сӯи мор партоб кард ва он санг ба санги дигари бузург бархӯрда, шарораи ҳосил аз бархӯрди ин сангҳо ба хасу хошок афтод ва морро бисӯхт. Ҳаким Фирдавсӣ ин ҳодисаро чунин тасвир кардааст:
Баромад зи санги гарон санги хурд…
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг…
Бигуфто: фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд агар бихрадӣ.   
Ироаи идомаи суханони ҳаким Фирдавсӣ дар ин ҷо муҳим нест, муҳим он аст, ки Ҳушанги пешдодӣ ба вуҷуд омадани оташ аз бархӯрди сангро «фурӯғи эзадӣ» арзёбӣ мекунад ва онро дар қатори нури аҳуроӣ, партави Хуршеду Моҳ ва дигар ҷирмҳои мунири осмонӣ дар як радиф қарор медиҳад.  Оташи бавуҷудомада дар рӯзгори гузаштаи мо мазҳари нури аҳуроӣ ё худ намоди он шуморида мешуд. Ҳамин робитаи оташи заминӣ, ки аз тариқи оташҳои фалакӣ то ба нури аҳуроӣ рафта мерасад, як ҳалқаи ногусастании олами моддӣ (табиат) бо оламҳои муҷарради улвиро барқарор мекунад. Манучеҳрӣ дар ин бора мефармояд:
Он оташе, ки гӯё нахле зи бор бошад,
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи нор бошад.
Чун бингарӣ ба арзаш, аз кӯҳсор бошад,
Чун бингарӣ ба тӯлаш, сарву чинор бошад.
Олими намоёни англис Арнолд Тойнби дар «Таърихи тамаддун»- дувоздаҳҷилдаи худ менависад: «Инсон бо дастёбӣ ба инқилоби кишоварзӣ хешро шарики фаъоли табиат кард; ба ин қарор, ки бар хилофи гузаштагони худ ба зиндагии ангалӣ (паразитӣ)-и худ идома надод ва бо табиат шарик шуд. Парвариши ҳайвонот ва кишти наботот (зироатҳои хӯшаӣ) самараи бинишу оянданигарӣ ва талоши мудовиму хештандории ононе, ки барои идомаи зиндагиашон ниёз ба зиндагии бевақфаи ин фазоил буд, эҳсос карданд».
Ин иқтибос бевосита ба ҷашни Сада робитаи мустақим дорад, зеро равшаноии оташ, нури Хуршед, гармӣ (энергия)-и Офтоб ва дигар аносири нуронӣ мазҳари давому бақои зиндагии инсон, рӯйишу наҷд ва борварии табиат маҳсуб мешавад. Оташ ба ҷуз хусусиятҳои моддӣ фазилатҳои маънавӣ низ дорад. Он худ бидуни ҳар гуна олоиш аст ва дигар чизҳо, аз ҷумла, қалби инсонро аз олоишу кудуррат пок месозад, ки ба боло забона мезанад ва инсон низ мисли оташ ба боло ба сӯи маънавияту рӯҳоният бояд иртиқо пайдо кунад. Ҳамчунин, инсон бояд мисли оташ дар зиндагӣ фаъол бошад.
Пайдоиши оташ аз аҳди Ҳушанг сар карда ба рушду нумӯи ҷомеа, ба роҳ мондани умури кишоварзӣ мусоидат кардааст. Ба ҳамин хотир оташ дар Яштҳо, Ясно ва Оташниёиши Авесто сутуда шудааст. Масалан, дар «Ҳафтяшт» роҷеъ ба нури оташ чунин омада: «Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро ба нури ҳақиқати ту наздик кунам».
Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашнро ба он мансуб медонад, ки аз рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Дар «Осор-ул-боқия» ҷое мегӯяд, ки дар охири зимистони бузург, ки 10 рӯз аз баҳманмоҳ мегузашт (яъне 31 январ), ниёгони мо Садаро ҷашн мегирифтанд. Дар ҷои дигар, ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст. Закариёи Қазвинӣ низ дар «Аҷоибот-ул-булдон» ин фикри Беруниро таъйид кардааст, вале Ҳошими Разӣ дар «Ҷашнҳои Эрони бостон» муътақид аст, ки дар аҳди Ардашери Бобакон воқеан ҷашни хотирмоне баргузор шуда, вале мансуб будани ҷашни Сада ба ин шаҳриёри сосониро рад намудааст.
Берунӣ дар ҳар ду асараш таъкид мекунад, ки Садаро «Навсада» низ гӯянд ва рӯзи панҷуми моҳи баҳман (яъне 26 январ)-ро «Барсада», яъне панҷ рӯз пеш аз Сада меноманд. Яке аз нависандагони муосири Эрон Содиқ Ҳидоят дар «Найрангистон» ном асари бадеиаш (чун дар ҷашни Сада оташ меафрӯхтанд) онро бо номи «Садасӯзӣ» ёд кардааст. Ҳоло зардуштиёни Эрон 50 рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз хирвори ҳезумро ҷамъ оварда, дар маҳалли муносибе ҷашни Садаро таҷлил менамоянд. Дар он мубадони зардуштӣ ташрифоти баргузории ҷашнро ба уҳда доранд. 
Дар ин ҷамъомади идона шаробу ширинӣ ва меваҳои зиёде рӯи хони ҷашнӣ чида мешаванд ва аз аввали ғуруби Офтоб оташро равшан мекунанд. Ҳангоми шуъла задани оташ ҷавонон бо фарёду шодмонӣ ба даври оташ мечарханд, шаробу шарбат менӯшанд, шоирон ашъори худро мехонанд, навозандагон сурудҳои суннатии худро тараннум мекунанд. Фазои хуши озодонаю идона дар ҷамъомад ҳукмфармо мегардад.
Омад, эй сайди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Барафрӯз оташи Бурзин, ки дар ин моҳ басе,
Озари Бурзин пайғамбари озор бувад.
Май хӯр, эй аҳрори шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад.
Иброҳими Шакурзода дар китоби «Ақоид ва русуми Хуросон» чигунагии пайдоиш ва баргузории ҷашни Сада дар ин сарзамини паҳноварро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар ин тадқиқот муаллиф қайд намуда, ки рустоиёни Хуросон дар шабҳои ёздаҳум то сездаҳуми баҳманмоҳ (31 январ то 2 феврал) ба муносибати фаро расидани ҷашни Сада ба шодию тараб мепардохтанд. Ҳошими Разӣ дар идомаи суханони Шакурзода овардааст, ки «гоҳе ҳамзамон бо авҷ гирифтани шуълаҳои оташ бо ҳам мечархиданду мерақсиданд ва ҳама бо ҳам пиромуни он пойкӯбӣ, таронахонӣ ва ҷастухез мекунанд».
Дар «Авесто» оташ дар шаклҳои «атар», «азар», «атад», дар форсии бостон «отар», дар форсии муосир «озар» омадааст. Сипандормоз фариштаи нигаҳбони Замин хонда мешавад. Риг-Ведаи ҳиндӣ низ дар суруди оташ шурӯъ мешавад, ки аз рӯзгори муштараки ҳиндуэрониҳо дар аҳди қадим дарак медиҳад. Роҷеъ ба гузаронидани ҷашни Сада дар аҳди қадим адабиёти ҷашнӣ куҳантарин таҷлили ҷашни мазкурро дар давраи Ҳахоманишиён нисбат медиҳад, ки аз он баъзе маълумот то замони мо омада расидаанд.
Аз таҷлили ҷашни Сада дар аҳди Ашкониёну Сосониён маълумоти казоӣ дар даст нест. Танҳо роҷеъ ба ҷашни пуршукӯҳи Ардашери Бобакон баъзе маъхазҳо ишора намудаанд. Дар аҳди ислом то истилои муғулҳо, бахусус, дар замони Қарахониён, Бувайҳиён, Салҷуқиён ва давраҳои баъд иттилооти катбӣ вуҷуд доранд. Шеъру сурудҳои зиёде низ дар бораи ҷашни Сада навишта шудаанд, ки намунаи беҳтарини онҳо шояд шеърҳои Фаррухию Унсурӣ ва Манучеҳрӣ бошанд.
 Ин Сада оташи афрӯхта дорад, ки дуруст,
Лолаи рухгарми шарар ошиқи кирдор бувад.
Чист ин ҷашни Сада, оташи афрӯхтае,
Ки дили сӯхта аз меҳр бад-ӯ ёр бувад.
Гарчи ин оташи мо хурд аст, вале,
Ҳаст муште, ки намояндаи хирвор бувад.
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Дар чунин ҷашни тараб, оре Хуршеди дигар
Гар битобад зи дили хок, сазовор бувад.
Хуррам аст ин Садаву шодравон бод, ки гуфт:
«Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад».
 
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор