Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ - дар маҳфилҳо

31-01-2018
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайян гардида, оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, маориф вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст. Аз гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз  афзоиш ёфтааст. 
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, роҳу усулҳои нави таълиму тадрисро ҷустуҷӯ, дарёфт ва дар машғулиятҳо татбиқ намоем. Сатҳу сифати таълимро аз зинаи ибтидоии таҳсил беҳтар намудан лозим аст. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба соҳаи сайёҳӣ дахл намуда, аз фарҳанги миллӣ ёдовар шуда зикр карданд: «…. Пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад».
Мо низ ин нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ҳамамҷониба дастгирӣ намуда, ба хонандагон омӯзиши ҳунарҳои мардумиро тарғиб намуда, дар маҳфилҳои беруназсинфӣ роҳандозӣ менамоем. 
Уғулҷон ДАВЛАТОВА,
омӯзгори муассисаи
таҳсилоти миёнаи
 умумии №50-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе