Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагон оғоз ёфт

15-04-2017

Нимаи дуюми рӯзи 14 апрел дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ ва дигар масъулону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ширкат варзиданд. 

Зимни сухани ифтитоҳии худ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки олимпиадаҳо тавассути Маркази миллии тестӣ доир мегарданд, ки мақсад аз он таъмини шаффофият ва дарёфти хонандагони донишманду болаёқат мебошад. 

-Дар шароити имрӯза – шароити ҷаҳонишавӣ танҳо тарбияи насли босаводу донишманд метавонад миллату давлатро аз ҳар гуна хатар нигоҳ дорад,-қайд кард Нуриддин Саид.-Аз ин рӯ, хонандагони моро зарур аст, ки бештар ба хондани китоб рӯ оварда, донишҳои муосирро азбар намоянд.

Сипас, директори  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ ва муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иштирокчиёнро бо барнома ва шартҳои баргузории Олимпиада шинос намуданд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор хонандагону омӯзгорон ва волидон ба саволҳои худ вобаста ба баргузории олимпиада ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 15-16-уми апрел дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе идома ёфта, маросими ҷамъбастии он рӯзи 16-ум дар толори муассисаи номбурда доир мегардад.