О –ФА-РИН! Мактабиёни тоҷик дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» соҳиби 11 медал шуданд

16-01-2018
Аз 10 то 16 январи соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар  олимпиадаи мазкур  довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия ва Булғория ҷамъ омада, байни ҳам рақобат намуданд.
Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд,  дар олимпиада Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуда, новобаста аз рақибони пурзӯр онҳо тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами ҷумҳуриро боло  бардоранд.
Дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков Абубакр Усмонов  сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Инчунин  Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В» аз фанни математика, Фарҳод Ҳакимиён,  хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардиданд.  Сабина  Абдураҳмонова аз фанни физика, Парвизҷон  Алиев ва Муҳаммадҷон Кличев аз фанни математика аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Далер Пиров, Фараҳманд Ҳасанов аз фанни физика, Комрон Абдуллоев аз математика, Хусрав Ашурзода аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В» сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ: 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 (соли 2017: 2 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) 4 медал зиёд мебошад.
Ғолибони олимпиада имрӯз ба Тоҷикистон баргаштанд.
 
 
 
 Натиҷаи ғолибияти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков

Фанҳо

Ҷойҳои ифтихорӣ

I

тилло

II

нуқра

III

биринҷӣ

Ҷамъ

Математика

1

2

3

6

Физика

   

3

3

Технологияи иттилоотӣ

 

1

1

2

Дар умум

1

3

7

11

 

Маркази матбуотии Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон