«Мутахассиси ҷавон-2017»

10-01-2018
Чанде пеш бо ташаббуси шуъбаи маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 бахшида ба Соли ҷавонон озмуни “Мутахассиси ҷавон-2017” баргузор шуд. Ҷонишини директори мактаб оид ба таълим Замира Солиева довталабонро бо шартҳои озмун-дафтари худомӯзӣ (портфолио), дарси кушоди намунавӣ, маърӯза, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявии намунавӣ, дастури методӣ, аёниятҳои дастисоз, муаррифӣ, нақшаи тақвимӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва чорабинии берун аз синфӣ шинос кард. Дар ин сабқат ҳашт мутахассиси ҷавон, омӯзгорони фанҳои гуногун сабқат орос-танд. 
Дар фарҷом омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Нилуфар Шокирова ғолиби озмуни “Мутахассиси ҷавон-2017” эълон шуда, соҳиби шоҳҷоиза ва диплом гардид. 
Мунаввара Назарова,
омӯзгори мактаби №68, шаҳри Исфара