«Мураббии сол-2017» муайян гардид

15-01-2018
Тайи се рӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» баргузор гардид. 12 январ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мазкур ҷамъбаст гардид. Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев аз номи вазири маорифи ҷумҳурӣ, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро табрик намуда, изҳор дошт, ки аз панҷ нафар довталаби номнависшуда намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун иштирок карда натавонист. Ин аст, ки азназаргузаронӣ дар байни чор нафар довталаб: Исмонова Матлуба – мураббияи кӯдакистони рақами 98-и шаҳри Душанбе, Назарова Муҳайё – мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Исмоилова Меҳрангез – мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Б. Ғафуров ва Минназарова Саъбагул – мураббияи кӯдакистони рақами 8-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуд. А. Алиев хусусияту бартариҳо ва пешниҳоди назарҳоро оид ба озмуни имсола, ки хеле пуршиддат ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, таҳлил карда, хулосаи қарори ҳайати ҳакамонро оид ба баромади довталабон изҳор намуд. Ҳайати доварон ба баромади М. Исмонова 155,5, С. Минназарова- 167, М. Назарова-191,5 ва М. Исмоилова 215 хол баҳогузорӣ карданд.  Дар натиҷа намояндаи вилояти Суғд Меҳрангез Исмоилова бо касби холи аз ҳама зиёд соҳиби ҷойи аввал гардид. Ба мавсуф мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамчунин, тамоми иштирокчиён бо фармоиши вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. 
Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар низ ба иштирокчиён тӯҳфаҳои пулӣ супорида шуд. 
 
Маркази матбуотии Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон