Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бинои алоҳида надоранд

30-01-2018
Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии раванди донишомӯзӣ ва интихоби касб дар рушду такомули қобилияти кӯдакону наврасон ва ҷавонон нақши муҳим доранд. Дар рӯзҳои таътили зимистона дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб ҳар рӯз зиёда аз 450 нафар кӯдаку наврас дар маҳфилҳои сайёҳӣ-кишваршиносӣ, табиатшиносӣ, варзишӣ, техникӣ ва эҷодӣ ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд.  Директори муассисаи мазкур Назаралӣ Ҳайдаров дар робита ба фаъолият ва мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар суҳбат чунин гуфт: 
- Соли гузашта Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб як қатор тадбирро амалӣ гардонид. Муҳимтаринашон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои роҳбарони созмонҳои талабагӣ шаҳру ноҳияҳои минтақа, баргузории семинарҳо бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо, шӯроҳои сайёри созмонҳои талабагӣ ба шумор мераванд, роҳандозии озмунҳои минтақавӣ бахшида ба иду ҷашнҳо ва тибқи нақша дар таътили зимистона гузаронидани маҳфилҳо мебошанд, ки  хеле шавқовару омӯзанда мебошанд. Айни ҳол дар муассиса 630 нафар хонанда дар 42 маҳфили гуногун ба таълиму омӯзиш ҷалб шудаанд, ки ба онҳо 38 нафар омӯзгори ихтисосманду ботаҷриба машғулият мегузаронанд.
Махсусан, фаъолияти хуби роҳбарони маҳфилҳои «Табиатшиноси наврас», «Сайёҳи наврас», «Рассомони ҷавон», «Бофандагӣ» ва «Кадбону» қобили қайд аст. Дар муассиса барои гузаронидани машғулиятҳо ва чорабиниҳо ҳама шароитҳо муҳайё буда, дастовардҳои беҳтарини аъзои маҳфилҳо дар осорхонаи муассиса нигоҳ дошта мешаванд. 
Умуман, дар соли сипаригардида дар муассиса чорабиниҳои зиёде, аз ҷумла, озмуни «Хати зебо» дар байни хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои минтақа, озмунҳои «Маликаи Наврӯз», «Иди модар», «Муҳофизони табиат», «Рақси беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Чевари гулдаст» гузаронида шудаанд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА-и шаҳри Кӯлоб дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа озмуни вилоятии «Чароғаки раҳнамо» доир карда шуд, ки дар он хонандагони ноҳияи Муъминобод ғолибият ба даст оварданд. Боиси ифтихор аст, ки дастпарварони мо дар озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» ширкат варзида, дар бахши «Саволу ҷавоб» ҷойи якум, дар бахши «Ҳимояи реферат ва рисолаҳо» ҷойи дуюм ва дар бахши «Намоишгоҳ» ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 10 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият дорад. Ҳамкории мо бо муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ ва Данғара хеле хуб  ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар назди кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ вазифаи муҳимме дар доираи эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарор дорад. Бинобар ин, бояд фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор пайваста дастгирӣ ёбад ва барои онҳо шароити хуби корӣ муҳайё карда шавад. Вале камбудию норасоиҳое, ки дар муассисаҳои мазкур вуҷуд доранд, боиси камсамар гардидани фаъолияти онҳо мегардад. Дар 10 муассисаи таҳсилоти иловагие, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият доранд, 334 маҳфил бо фарогирии 12711 хонанда амал мекунанд.  Аз ин 10 муассиса 5-тои он бинои алоҳидаи худро надорад ва дар биноҳои кӯҳна ё дигар муассисаҳо фаъолият доранд. Ҳамчунин, як қатор бинои ин муассисаҳоро ба дигар ташкилотҳо доданд.  Ин ҳолат дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Балҷувон ба мушоҳида мерасад.  Ҳоло ҳам дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаҳои маориф аз 29.12.2014 «Оид ба таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо бинои алоҳида, додани мустақилияти молиявӣ ба онҳо» то имрӯз пурра ҳалли худро наёфтааст. Дигар ин ки, баъзе аз мақомот на танҳо ба биноҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, балки ба воҳиди кории онҳо низ чашм ало кардаанд. Аз ҷумла, бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб 8 воҳиди корӣ, ноҳияҳои Восеъ 13 воҳиди корӣ, Фархор 6 воҳиди корӣ,Темурмалик 5 воҳиди корӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 воҳиди корӣ  бо сабабҳои номаълум ихтисор шудаанд. Мавриди зикр аст, ки кормандони мо ҷиҳати рафъу бартарафсозии мушкилоти номбурда дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақа кӯшиш менамоянд, - изҳор дошт дар хотимаи суҳбат Н.Ҳайдаров. 
Шариф Абдулҳамид,
«Омӯзгор»