ММТ: Эссе навиштан эҷодкорист!

01-11-2017
Соли 2018 дар низоми имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон дар баробари супоридани итмиҳоноти тестӣ, инчунин,  эссе (иншои хурд) менависанд. Ин довталабонро водор менамояд, ки барои дохил гардидан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёрии ҳамаҷониба бинанд. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.   
- Муҳтарам Ҷамшед Азимов!  Шурӯъ аз соли 2018 дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кори хаттӣ (эссе)  ҷорӣ карда мешавад. Оё довталабони ҳамаи класстерҳо кори хаттӣ (эссе) менависанд?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ супориш доданд, ки соли 2018 кори хаттӣ аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ворид карда шавад. Вобаста ба ин нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, дар доираи он корҳои омодагӣ оғоз гардиданд. Маълум гардид, ки барои ворид намудани кори хаттӣ ба низоми ИМД пеш аз ҳама, бояд якчанд масъалаю раванд баррасӣ ва озмоиш карда шаванд. Аз ҷумла, тарзи ташкил ва баргузории кори хаттӣ ҳамчун ҷузъи таркибии имтиҳони умумӣ (қисми А), омода намудани омӯзгороне, ки барои тафтиши кори хаттӣ ҷалб мешаванд, тартиби ташкили марказҳои тафтиши кори хаттӣ, тартиби интиқоли нусхаҳои кори хаттӣ ба марказҳои тафтиш ва аз он ҷо ба марказ, тартиби баррасии аризаҳои шикоятӣ (апеллятсия), тартиби истифодаи натиҷаи аз кори хаттӣ бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот ва монанди инҳо. Яъне, тамоми масъалаҳои марбут ба раванди ташкил ва баргузории кори хаттӣ бояд баррасӣ ва озмоиш карда шаванд.
Бинобар ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки як озмоиши калони кори хаттиро ба роҳ монанд. Дар ин замина фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябри соли равон ин озмоишро баргузор намуд. 
Ҳоло тафтиш ва холгузорӣ ба кори хонандагон – иштирокдорони озмоиш аз рӯйи меъёрҳои муайянгардида идома дорад. Пас аз таҳлил ва натиҷагирӣ як ҳисоботи муфассал ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Аз рӯйи ин натиҷаҳо тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад, ки кори хаттӣ (эссе) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид карда шавад ё на, агар ҳа, пас чӣ гуна? Оё ҳамаи довталабон кори хаттӣ (эссе) менависанд ё довталабони гурӯҳи ихтисосҳои алоҳида? 
- Барои ҷорӣ кардани иншои хурд (эссе) дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ то ин дам кадом корҳо ба анҷом расонида шудааст?
- Бояд қайд кард, ки масъалаи ворид намудани кори хаттӣ ҳамчун як қисми ИМД ҳанӯз соли 2011 ба миён омада буд. Бо мақсади баррасии ин масъала дар назди Маркази миллии тестӣ як гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки он то соли 2013 зери назари мушовирони байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар давоми солҳои 2012 – 2013 дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон се маротиба озмоиши кори хаттӣ гузаронида шуд. Дар заминаи ҳамин озмоишҳо аъзои гурӯҳи корӣ бо мақсади ёрӣ ба омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ “Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)”-ро омода ва нашр намуд. Пас аз он соли 2013 бо мақсади муаррифии ин дастури методӣ ва ёрӣ расонидан ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои тайёр намудани хонандагон ба навиштани кори хаттӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар машварати августии омӯзгорони ҷумҳурӣ иштирок карда, бо онҳо роҷеъ ба тарзи навиштани эссе ва холгузорӣ ба он суҳбат доштанд. Омӯзгорон низ дар суҳбат фаъол буданд ва аз ин иқдом истиқбол карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар роҳандозии эссе изҳор намуданд. Вале бо сабабҳои муайян масъалаи ворид намудани кори хаттӣ ба низоми ИМД барои чанд сол қафо партофта шуд. 
Соли 2015 баъд аз  дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои омодагӣ аз сар гирифта шуданд. Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)”-ро бознигарӣ карда, варианти такмилшудаи онро дар ду китобча бо номҳои “Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)” ва “Тавсияҳо оид ба тафтиши кори хаттӣ (эссе) ва холгузорӣ ба он” ба нашр расонд. Ин тавсияҳо ҳам дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” чоп шуд ва ҳам ба хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимие, ки мебоист дар озмоиши хурди кори хаттӣ (эссе) дар моҳи ноябри соли 2016 иштирок менамуданд, дастрас гардид. Барои санҷиши коршоямии меъёрҳои холгузорӣ ба кори хаттӣ (эссе) рӯзҳои 21-22-юми ноябри соли 2016 як озмоиш гузаронида шуд. Дар озмоиш 916 хонандаи синфи 11-уми 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Ҳисобот аз натиҷаи озмоиш ба Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
- Перомуни дохил намудани кори хаттӣ (эссе) дар имтиҳоноти марказонидаи  дохилшавӣ  тавассути Маркази миллии тестӣ  сару садоҳои гуногун ба гӯш мерасанд. Оё, ба назари шумо, ин таҷрибаи нахустин мураккабию мушкилоти зиёдеро дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар ба бор намеорад?
- Оре, ин таҷрибаи нахустин аст. Тоҷикистон нахустин кишвар дар минтақа аст, ки ба ин кор даст мезанад. Мо доир ба ин масъала, ки ворид намудани кори хаттӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ душвориҳои зиёде дорад, борҳо гуфтаем. Аз ҷумлаи душвориҳо тартиби тафтиши кори хаттист. Дар назар аст, ки соли 2018 шумораи довталабон аз 100 ҳазор нафар бештар хоҳад буд.  Барои тафтиши кори хаттии ин миқдор довталаб бояд 750-800 омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба кор ҷалб карда шаванд. Омӯзгорон бояд дар давоми 10-12 рӯз кори ҳамаи довталабонро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Маркази миллии тестӣ тафтиш карда ба он хол гузоранд. Масъалаи ҷалби ин теъдод омӯзгор барои тафтиш, ташкили марказ ё марказҳои тафтиш, дуруст ба роҳ мондани кори тафтишкунандагон, таъмини бехатарии мавод ҳангоми интиқол аз Маркази миллии тестӣ ба марказ(ҳо)и тафтиш ва аз он ҷо ба марказ, маблағгузории кори ин омӯзгорон, тартиби гузаронидани апеллятсия ва монанди инҳо аз он душвориҳоест, ки бояд рӯйи онҳо кор кунем.  
- Раванди кори хаттӣ (эссе)  чӣ тавр сурат мегирад? Ҳамин ҷузъиётро батафсил тавзеҳ мебахшидед. 
- Кори хаттӣ (эссе) аз забони тоҷикӣ, агар ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид карда шавад, бояд ҷузъи таркибии имтиҳони умумӣ (қисми А) бошад. Довталаб дар баробари навиштани кори хаттӣ (эссе) аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика ва таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ тест месупорад. Барои иҷрои тест ва навиштани кори хаттӣ 195 дақиқа муайян шудааст. 
Дар охири китобчаи тест, ки ба дасти довталаб мерасад, варақаи сиёҳнависи кори хаттӣ ҳаст. Дар варақаи сиёҳнавис се мавзӯъ дода шудааст. Дар зери ҳар мавзӯъ муқаддимаи кӯтоҳе барои роҳнамоӣ ба мавзӯъ ва кушодани фикри довталаб пешниҳод шудааст. Довталаб як мавзӯъро интихоб намуда, доир ба он дар ҳаҷми 2 саҳифа андешаҳояшро менависад. 
Пас аз навиштани эссе довталаб онро бодиққат аз варақаи сиёҳнавис ба варақаи тозанавис рӯбардор мекунад ва онро ба маъмури имтиҳон месупорад. Варақаҳои кори хаттӣ ва варақаҳои ҷавоби тест дар лифофаҳои махсуси эмин ба Маркази миллии тестӣ дастрас мегарданд ва ба воситаи дастгоҳҳои электронӣ нусхабардорӣ мешаванд. Нусхаи ҳар як корро барномаи компютерӣ дар кабинети инфиродии довталаб мегузорад. Нусхаи асли кори хаттӣ барои тафтиш фиристода мешавад. 
Барои кам кардани субъективият дар холгузорӣ як кори хаттиро ду тафтишкунанда (алоҳида) месанҷад. Ҳар тафтишкунанда, ки рамзи худро дорад, ба мазмуну мундариҷаи эссе хол мегузорад, шумораи ғалатҳои баровардаашро дар катакчаҳои махсуси варақаи кори хаттӣ менависад. Агар шумораи ғалатҳои бароварда ва холҳои гузоштаи ду тафтишкунанда ба ҳам мувофиқат накунад, корро тафтишкунандаи сеюм месанҷад. Фикри тафтишкунандаи сеюм ниҳоӣ ва ҳалкунанда аст.  
Пас аз тафтиш варақаи кори хаттӣ бори дигар нусхабардорӣ мешавад. Барномаи махсуси компютерӣ холҳои бадастовардаи довталабро ҳам аз рӯйи мазмуну мундариҷа ва ҳам аз рӯйи шумораи ғалатҳо ҳисоб мекунад. Маълумот доир ба холҳои бадастовардаи довталаб аз кори хаттӣ ва тест дар кабинети инфиродии ӯ гузошта мешавад.
- Дар ин росто, рисолати омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик аз чӣ иборат аст? Оё заминаҳои ба роҳ мондани эссе ба таври пурраю фарогир дар таълимгоҳҳо кор карда шудаанд? Дар ин самт чӣ мушкилот пешорӯи шумо қарор дорад?
- Омода кардани хонандагон ба навиштани эссе танҳо кори омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик нест. Омӯзгорони ҳамаи фанҳо бояд дар ин кор саҳм бигиранд. Мавзӯи эссе метавонад доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, таърихӣ, зистшиносӣ (биология), масъалаҳои марбут ба физика, химия, техникаву технология ва ғайраҳо бошад. Фақат мақсад ин аст, ки тафаккуру тахайюл ва нутқи хаттии хонандаро рушд диҳем, ки ӯ тавонад доир ба мавзӯи пешниҳодшуда (фарқ намекунад доир ба чӣ масъала аст) фикрашро ба забони тоҷикӣ дуруст ва беғалат баён кунад. Вале, мутаассифона, аз натиҷаи озмоишҳо бармеояд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии мо доир ба мавзӯъҳои одӣ андешаашонро ба таври бояду шояд баён карда наметавонанд. Агар баён ҳам кунанд, андешаашон хушк аст, фикрашонро асоснок карда наметавонанд, дуруст ва беғалат навишта наметавонанд. Сабабҳои ин ҳамаро бояд биомӯзем ва рӯяшон кор кунем. Мушкил ҳам ин ҷост, ки бештари мо инро танҳо кори омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик мепиндорем, барои такон додани андешаи хонанда, барои рушд додани тафаккуру тахайюл ва нутқи хаттии ӯ кӯшиш намекунем. 
- Ҳадафи роҳандозии иншо (эссе) барои мо маълум аст. Вале, ба гумони мо, дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз аз чаҳорчӯбаю қолабҳои навиштани иншо комилан раҳо наёфтаанд. Аз семинарҳои омӯзишие, ки дар ин бора гузаронида шудаанд, чӣ бардошт ҳосил  кардед? Андешаи устодону омӯзгорон чӣ гуна аст?
- Оре, шумо дуруст гуфтед, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳанӯз ҳам хонандагон дар як қолаби муайян иншо менависанд ва мавзӯъҳо ҳам якрангу забонзад ва қолабӣ буда, ҳар сол ин мавзӯъҳои обшуста такрор ба такрор барои навиштани иншо пешниҳод мешаванд. Дигар омӯзгорон ва хонандагон ҳам ба ин якрангии мавзӯъҳои қолабӣ, дар ҳамин чаҳорчӯби муайян навиштани иншо одат кардаанд, акнун касе аз он берун баромадан намехоҳад. Чаро аз ин қолаб берун рафтан намехоҳанд? Чунки муаллиф-тоҷирони “китобҳои иншо” барои омӯзгорону хонандагон дар ин мавзӯъҳои қолабию обшуста иншои бисёре навишта пешниҳод кардаанд, онҳо дигар худро заҳмат намедиҳанд, аз рӯйи ин иншогунаҳои тайёр гӯё “иншо менависанд”.  Ин тарзи “иншонависӣ” боиси торафт танбал ва аз эҷодкорӣ дур шудани хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гаштааст. Ҳамакнун  бо шарофати ҳамин гуна “иншонависӣ” рӯз ба рӯз хонандагони мо истиқлоли фикриро аз даст дода, аз ҷустуҷӯ ва омӯзишу навиштани иншо дар мавзӯъҳои ғайримаъмулӣ маҳрум шуда истодаанд. Албатта, дар ин миён хонандагони хушсалиқа ва эҷодкор ёфт мешаванд, вале афсӯс, ки онҳо аксариятро ташкил карда наметавонанд.
Тавре ки шумо медонед, дар доираи корҳои омодагӣ ба озмоиши кори хаттӣ аз рӯзи 2-юм то 10-уми октябри соли равон барои омода намудани омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, ки кори хаттии иштирокдорони озмоишро тафтиш ва арзёбӣ менамоянд, семинар гузаронида шуд. Дар семинарҳо 175 омӯзгор аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор,  Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Аз суҳбат бо омӯзгорон дарёфтем, ки онҳо ҳам дар ҳамин андешае ҳастанд, ки мо ҳастем. Дигар аз баҳри ин мавзӯъҳои обшуставу қолабӣ, ин тарзи маъмули “иншонависӣ” (дурусттараш қориазёд кардану “шпаргалка” тайёр кардану аз рӯйи он гӯё иншо навиштан) бароем. 
- Дар навишти эссе (иншо) кадом омилҳо бештар ба назар гирифта мешаванд? Андешаи инфиродӣ, арқому далел, тасвирҳо ва ё бадеият?
- Он гуна ки дар “Тавсияҳо доир ба навиштани кори хаттӣ (эссе)” овардаем, мо ба хонандагон мавзӯъҳоеро пешниҳод мекунем, ки (1) дар навиштани он хислату кирдор, орзуҳо ва хостаҳои худашон баррасӣ мешаванд; (2) дар бораи ягон ғоя ё сухан (гуфта)-и адибону олимон, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва монанди инҳо андешаашонро баён мекунанд (тарафдор ё муқобил будани худро ба ин ғоя ё сухан бо далелҳо исбот менамояд). Вобаста ба ин, хонанда фикрашро дар як сарсухани кӯтоҳ, тезисҳои мухтасар (қисмҳои асосӣ) ва хулоса ифода менамояд. Ӯ барои исбот ва ё тақвияти фикри асосӣ аз асарҳои адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, аз ҳаёти шахсиятҳои маъруф ва ё худаш далел меорад. Алабатта, ин ҷо муҳим андешаи худи хонанда, нишон додани муносибат ва мавқеи шахсии хонанда ба мавзӯи пешниҳодшуда аст. 
- Аз тарзу сабки навишти эссе, ки шумо пешниҳод мекунед, ба хулосае омадан мумкин аст, ки асоси онро  (яъне, эссеро) ихчамбаёнию муҷазгуфторӣ ташкил медиҳад. Ҳамин тавр?
- Оре, дуруст аст. Барои мо муҳим ин аст, ки хонанда андешаашро бо забони адабии тоҷикӣ бо як тартиби муайян ва беғалат баён карда тавонад. Аз такрори зиёди маънӣ, дароз кардани сухан (пургӯӣ, суханбозиҳои беҳуда) ва овардани далелҳое, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд, худдорӣ намояд. Вобаста ба ин гуфтем, ки хонанда эссеро бояд дар ҳаҷми ду саҳифаи варақаи андозааш А4 нависад. Яъне доир ба мавзӯи пешниҳодшуда фикрашро мухтасар, вале бо далел ва дуруст баён намояд.
- Дар шаҳру ноҳияҳо озмоиши навиштани кори хаттӣ (эссе) бо иштироки хонандагон оғоз гардид. Натиҷаи озмоишҳо чиро нишон медиҳанд?
- Тавре ки дар боло гуфтем, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябри соли равон озмоиши калони кори хаттӣ (эссе)-ро гузаронд. Барои иштирок дар озмоиш 10 162 хонандаи синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 34 шаҳру ноҳия номнавис шуда буд. Аз ин шумора бештар аз 8 500 нафар дар озмоиш иштирок намуданд. Ҳоло тафтиши корҳои хонандагон – иштирокдорони озмоиш ва холгузорӣ ба онҳо аз рӯйи меъёрҳои муайянгардида идома дорад. Ин ки озмоиш чиро нишон дод, танҳо пас аз таҳлилу натиҷагирӣ маълум мешавад.
Мусоҳиб 
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”