Манфиат ва арзишҳои миллӣ ё баъзе масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон

25-01-2018
Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд. 
Эмомалӣ Раҳмон
Масоили амнияти иттилоотӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо аз мубрамтарин паҳлуҳои амнияти миллии кишварҳо гардидааст. Имрӯз ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо, муборизаҳои геополитикии бемисл қарор дорад. Гузашта аз ин, инсоният ба муаммоҳое чун терроризму экстремизм, эпидемияҳову таҳримҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру мушкилоти экологӣ, экспансияи фарҳангиву ахлоқӣ рӯ ба рӯст. Ягон кишвар аз ин муаммоҳо берун нест, ҳатто ин масоил кишварҳои абарқудрате мисли Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса ва ғайраро ба ташвиш овардааст. 
Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ узви чандин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ гардад ва чандин созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои кишварҳои дигар намояндагии худро дар Тоҷикистон боз намоянд. Дар даврони истиқлолият фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон ба дараҷаи сифатан нав баромад. Ин, пеш аз ҳама, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарие мисли озодии сухан ва озодии баён ба ҷомеаи мо марбут аст.
Ҷаҳонишавӣ бо ҳама тазодҳояш ба ҷомеаи мо таъсир кардан дорад. Дар ин замина нақши расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар меафзояд ва ҳам дар бораи амнияти иттилоотӣ низ бисёр мегӯянд. Бахусус, ҳангоми баҳсу баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва амсоли ин истилоҳи амнияти иттилоотӣ зиёд истифода мешавад. Пӯшида нест, ки муборизаҳои иттилоотӣ дар баъзе манотиқи олам ба ҷангҳои иттилоотӣ табдил ёфтаанд. 
Ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳо паҳлуҳои манфӣ низ дорад, ки мубрамтаринаш тавассути ВАО таъсир ба ахлоқ, анъана ва арзишҳои миллии мо мебошад. Дар шароити муосир, ки муборизаву талошҳои геополитикӣ шаклу усулҳои навро касб кардаанд, расонаҳои ҳар кишвар манфиатҳои миллии кишвари худро дифоъ мекунанд. 
Табиист, ки ҳар як давлат вазифадор аст дар ин муборизаву бархӯрдҳо манфиатҳои миллии худ ва амну осоиши мардумашро ба ҳар роҳу воситае бошад ҳифзу таъмин кунад. Дар ҳама давру замон чунин буд ва мемонад. Амнияти иттилоотӣ падидаи нав нест. Ба шаклҳои гуногун аз вақти пайдоиши давлат амнияти иттилоотӣ вуҷуд дошт. Амнияти иттилоотӣ ҳимояи мукаммал, дастрасӣ ва махфӣ будани иттилоъро меомӯзад. Бо таври дигар, амнияти иттилоотӣ ин ҷараёни таъмини махфият, мукаммалӣ ва дастрасии иттилоот мебошад. Дар асноди зиёди ҳуқуқиву меъёрӣ, аз ҷумла Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат ва ғайра ба амнияти иттилоотӣ ишора шудааст ё дар бораи он сухан меравад. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми ноябри соли 2003 ба ҳамин мақсад қабул шудааст.
Амнияти иттилоотӣ зуҳуроти иҷтимоиву сиёсист. Набояд амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоъро яксон ҳисобид. Инҳо ду мафҳуми гуногун буда, вазифаҳои гуногун доранд. Ҳифзи иттилоъ, яъне амалест, ки маълумот аз ҷониби нафаре ё мақомоте ҳифз карда мешавад, ва барои ошкор нашуданаш асосе мавҷуд аст. Ва шояд он маълумот бо гузашти замон ошкор карда шавад ва ё умуман ошкор нагардад. Амнияти иттилоотӣ ин ҷузъи сиёсати давлатии иттилоотӣ буда, принсипҳои хос дорад. Аз ҷумлаи принсипҳои асосиаш - Мунтазам ва Рушдкунанда будани он аст. Яъне амнияти иттилоотӣ доимист ва бо пешрафти ҷомеа ва техникаву технология ба самтҳои нав рушд мекунад. Амнияти иттилоотӣ бо фазои иттилоотӣ низ иртибот дорад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма фаъолияти васоити электронии ахборро баррасӣ карда, зикр карданд ки «… фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад.» Дар ҳақиқат, ҷаҳони имрӯз ҷаҳони чанд даҳсолаи пеш нест. Имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дар роҳи рушд қарордошта зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсиргузор ба воқеоти хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Ливия ва ғайра ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад. 
Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар баробари расонаҳои ватанӣ, ҳамчунин расонаҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Фаъолияти ВАО-и хориҷӣ дар асоси созишномаҳо ва ҳамчунин эҳтироми Тоҷикистон ба арзишҳои башарӣ, назири ҳуқуқи мардум ба дастрасии иттилоъ, озодии баён ва амсоли ин сурат мегирад. Бо вуҷуди ин метавон гуфт, ки фаъолияти аксарияти ВАО-и хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ба манфиати кишвари мо, ба маърифати таърихӣ, фарҳанг ва ахлоқи миллии мо мувофиқат намекунанд. Дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ таъмини саривақтии фазои иттилоотӣ бо иттилои дақиқу сареъ аз муаммоҳои мубрам аст. ҳарчанд расонаҳои хориҷӣ бо рақобат барои пешрафти фаъолияти расонаҳои тоҷик саҳм мегузоранд, барои ВАО-и ғайриҳукуматӣ як воситаи сарчашмаи иттилоъ шудаанд, вале набояд фаромӯш кард, ки ин расонаҳо бо назардошти арзишу манфиатҳои кишвар ва муассиси худ хабару гузоришҳоро омодаву пахш мекунанд. Таъсири рӯзафзуни ВАО-и хоричӣ ба афкори омма дар лаҳзаҳои муайян метавонад ба амнияти иттилоотии мамлакат хатар орад. 
Дар замони мавҷудияти мавҷгирҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан хеле мушкил аст. Ҳамчунин, торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияи иттилоотиву иртиботӣ дар ин раванд набояд аз мадди назар дур бошад. Ҳамин аст, ки интернет дар замони мо, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар фазои иттилоотӣ ва афкори умум (бахусу ҷавонон) доранд. Масалан, ҷалби аксари аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ тавассути сомонаҳои  иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст. Ва ҳеч иттилое бидуни мақсад пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат дилхоҳ иттилоъ дар олам паҳн мешавад. Ин ҳам нишони аҳамияти иттилоъ асту ҳам водоркунандаи масъулият дар назди қабулкунандаи иттилоъ. Ин масъулият то кадом андоза дархӯри манфиатҳои милливу давлатии мост, саволест аз ҳар рӯзноманигори тоҷик посух мехоҳад. Аз ин рӯ, аҳли қаламро мебояд дар баробари иҷрои вазифаҳои касбии худ манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоранд. Ба як маъно, рӯзноманигорон дар муборизаву ҷангҳои иттилоотӣ бояд сарбоз ва сипари боэътимоди давлату миллат бошанд. Посухи саривақтӣ ба ҳуҷумҳои иттилотӣ аз вазифаҳои асливу касбии аҳли қалам аст. Дар ин роҳ аз зеҳни олимони ҷомеашиносу сиёсатшинос ва коршиносони сиёсиву соҳавӣ истифода бурдан вазифаи масъулини ВАО аст. 
М. Имомзода, 
ректори ДМТ, академик,
С. Гулзод, 
мудири кафедраи телевизион
ва радиошунавонии ДМТ, дотсент