Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд

01-02-2018
Соли сипаригардида донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Шодӣ Сафаров имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда илова намуд, ки  яке аз донишҷӯёне, ки Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт,   ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода мебошад, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба  самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия миёни  беҳтарин варзишгарони сайёра соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.
«Ин ғолибияту дастовардҳои донишҷӯёни мо аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон дарак медиҳад, зеро имрӯз дар мамлакат барои варзишгарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст»,-гуфт Шодӣ Сафаров ва илова намуд, ки “донишҷӯёни мо бо ғалабаҳои бадастоварда қонеъ нагардида, дар оянда низ барои муаррифии Тоҷикистон ва содиқ будан ба боварии Пешвои миллат кӯшиш хоҳанд кард».
Маврид ба зикри хос аст, ки варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Ӯ баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони  ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.

АМИТ Ховар