Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо аз рӯи 5 ихтисос тибқи низоми фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд

01-02-2018
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёфта, донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора ректори   Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Мавсуф зикр намуд, ки дар ин раванди  таҳсил усулҳои робитаи зич байни омӯзгор ва донишҷӯ амалӣ шуда,  робита аз рӯи ангораи таҳсили рӯзона иҷро мегардад. Ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз  шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷӯ мувофиқ, конфронс — робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳо истифода намоянд.
Маҳмадулло Раҷабзода ҳамчунин изҳор намуд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва соли 2017 бо 6 давлат созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
«Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбӣ 51 нафар донишҷӯёни Донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия сафарбар гардидаанд»,-иброз дошт Маҳмадулло Раҷабзода.
Ректори Донишкада зикр кард, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба донишкада тибқи низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳоло зиёда аз сад нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишкада таҳсили илм доранд.

АМИТ Ховар