Дастоварди навбатӣ

18-04-2017

Аз 13 то 16 апрели соли 2017 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпидаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIXASIA-2017» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 40 нафар хонанда муаррифӣ карданд. 

Дар олимпиадаи мазкур зиёда 400 хонанда аз 13 давлати Осиё иштирок намуданд. Аз ҷумҳурии мо 40 нафар довталаб Тоҷикистонро намояндагӣ мекарданд.

Тавре роҳбалади хонандагони олимпиадаи мазкур аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Манучеҳр Ҳабибзода иттилоъ дод, озмун дар сатҳи баланд баргузор гардид. 

- Аз мактаббачагони тоҷик дар озмун 2 нафар соҳиби медали тилло, 8 нафар медали нуқра ва 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, - гуфт ӯ. - Ғолибони мо Исмоил Халимзод ва Ҳоҷимурод Ҳоҷимурод аз Мактаби байналмилалии Президентӣ бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, сазовори медали тилло гардиданд. Ғолибони дигар низ аз литсейҳо барои хонандагони болаёқат дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки дастаи Тоҷикистонро муаррифӣ мекарданд тавонистанд Парчами Тоҷикистонро миёни кишварҳои дигар баланд бардоранд.

Зикр шуд, ки аз аввали соли ҷорӣ мактаббачагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 45 медал гардиданд.