Дар оғӯши “Офтобак”

08-07-2017
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2-и ноҳияи Вахш 116 нафар кӯдакони 7-сола ба таълиму тарбия ва истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Дар боғча 5 гурӯҳ амал мекунад, ки ба онҳо 5 нафар мураббӣ, 5 нафар доя ва 1 нафар ҳамшираи тиббӣ машғулият мегузаронад.
Ҳангоме  ки мо вориди ҳавлии боғча гардидем, як гурӯҳ кӯдакон зери сояи дарахтон машғули расмкашӣ буданд. Гурӯҳҳои дигар дар толори хурди муассиса аз тариқи телевизон филмҳои тасвирӣ тамошо мекарданду рақсу сурудхонӣ доштанд.
Азбаски талабот барои қабул ба муассиса зиёд аст, соли гузашта боз 2 гурӯҳи иловагӣ ташкил карда шуд ва 50 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ба ин гурӯҳҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Мувофиқи реҷаи корӣ бештари машғулиятҳо аз тариқи бозӣ гузаронида мешавад, зеро ин айёми обутобёбии онҳост ва бозӣ дар ташаккулёбии зеҳнию маънавии кӯдакон нақши муҳим мебозад.
Ба гуфтаи мудири муассиса Занҷирамо Шарифова, ҳафтае 2-3 маротиба мураббиҳо кӯдаконро мувофиқи реҷаи корӣ ба тамошои осорхона, ҷойҳои таърихӣ ва боғи истироҳатии ноҳия сафарбар мекунанд. 
Робитаи падару модарон бо муассисаи таҳсилоти томактабӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва онҳо дар пешравии кори муассиса саҳмгузорӣ менамоянд. Аммо муассиса ба якчанд мушкилот рӯ ба рӯ мебошад. Аввал ин ки, бинои муассиса хеле кӯҳна буда, ҳанӯз соли 1954 сохта шудааст ва ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Дигар ин ки, агар дар саҳни муассиса ҳавзи оббозӣ мавҷуд мебуд, ҷиҳати паси сар намудани фасли гармо барои кӯдакон мусоидат мекард.
Масъулини ноҳияро зарур  аст, ки ҷиҳати бартараф кардани ин камбудиҳо чораҳо андешанд.
Аъзам Бобоев, 
рӯзноманигор