Боздиди вазир аз VI-умин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017»

15-04-2017

14-уми апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид аз VI-умин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии таҳсилии «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017», ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардида истодааст, дидан намуд. 

Зимни боздид аз намоишгоҳ-ярмарка вазир бо намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия суҳбат намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода, даъват ба амал овард, ки аз фурсати муносиб истифода намуда муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар метавонанд як қатор созишномаҳоро вобаста ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории конфронсҳои муштарак ва анҷом додани таҳқиқотҳои илмии муштарак ба имзо расонанд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот намояндагони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, аз қабили Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи олии иқтисодии Москва, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Самара аз донишу малака ва одобу рафтори донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои номбаршуда таҳсил менамоянд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки VI-умин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии таҳсилии «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017», ки бо иштироки беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ доир гардида истодааст, рӯзҳои 13-15-уми апрел дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардида, сипас дар дигар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо идома меёбад.