35 медали хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиада

17-04-2017

15-16 апрели  соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври хотимавии (чоруми) олимпиадаи хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиию риёзӣ  баргузор гардид. Дар он 530 хонанда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик,  забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, математика, физика, химия, технологияи информатсионӣ, биология, география донишу маҳорати худро санҷиданд. Тибқи низомнома хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти типи нав дар алоҳидагӣ фаъолият намуданд. 

Дар  маросими кушодашавии олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев ва  директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, ҳамчунин,  масъулон, омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зикр намуд, ки   соли сеюм аст, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва мақсад аз он таъмини шаффофият ва дарёфти хонандагони донишманду болаёқат мебошад. Ҳамчунин, Хуршед Икромӣ, директори  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро бо шартҳои баргузории олимпиада шинос намуд. 

Аз рӯи талаботи Низомнома хонандагон дар ду шарт - кори хаттӣ ва тестӣ ба сабқат пардохтанд.  Барои иҷрои мисолу масъалаҳои 5 соати академӣ ҷудо гардид.

Ҳамин тариқ, натиҷаи озмун нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе  бо 35 медал (10 тилло, 10 нуқра ва 15 биринҷӣ) ҷойи аввал, вилояти Хатлон бо 27 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) ҷойи дуюм, вилояти Суғд бо 25 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо гирифтани 7 ҷойи ифтихорӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ зинаҳои минбаъдаро ба даст оварданд. 

Ба ғолибон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.